Хабарҳо
2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон
Бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд, ки ин идомаи сиёсати давлатии инкишофи давлати мустакили миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти халки ҷумҳури мебошад.
Дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” гузаронидани чорабиниҳои зиёд барои ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар пайи ташаббуси “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мо низ барои ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасониҳои худ чораҳо андешида истодаем ва ба мизоҷонамон кафолатҳои зеринро пешниҳод менамоем:
- Махфияти маълумоти шахсӣ
Ҳама маълумотҳои шахсии шумо аз ҷониби мо ҳамеша махфи нигоҳ дошта мешаванд.
- Маълумот оиди хизматрасониҳои бонки
Мо ба мизоҷон оиди ҳама хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои бонкӣ маълумоти пурра ва боэътимод пешниҳод менамоем.
- Пардохтҳо ва интиқолҳои бехатар
Бехатарии пардохтҳо ва интиқолҳои шуморо кафолат медиҳем.
- Хизматрасонии босифат
Мо кӯшиш менамоем ба мизоҷони худ хизматрасонии босифат пешниҳод намоем ва ҳамеша омодаем ба саволҳои шумо ҷавоб дода, кӯмак расонем.
- Ҳимояи манфиатҳо
Дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳоятон шумо метавонед бо ҳама арзу шикоятҳо ва саволҳо ба маркази хизматрасонии мо ё тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо муроҷиат намоед.
Мо ҳатман мушкилии шуморо баррасӣ ва барои ҳалли он мусоидат хоҳем кард.
Мо кушиш менамоем ба мизоҷони худ хизматрасонии босифатро пешниҳод намоем ва ҳамеша омодаем, ки ба ҳама саволҳои шумо ҷавоб гардонида, тибқи қонун кумаки заруриро расонем.
2024-08-28 15:33