Хабарҳо
Диққат!
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки ба муомилот пули қалбакӣ бо навиштаҷоти «Чиптаи бонкии шухи» бо арзишҳои 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ бароварда шудааст.
Пули қалбакӣ аз рӯи намуди зоҳирӣ ба пули миллӣ шабоҳат дорад, аммо аломатҳои муҳофизатӣ: нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт ва дигар унсурҳои фарқкунанда надорад.
Аз шумо хоҳиш менамоем, ки ҳангоми пардохт бо маблағи нақд эҳтиет бошед: пули шубҳанокро қ абул накунад ва фавран ба сохторҳои наздиктарини ВКД ва КДМ муроҷиат намоед.
Эҳтиет бошед, то маблағи худро аз даст надиҳед!
2024-12-04 14:57