Ҳуқуқи муштариён
Ҳар як муштарии ТҚҒ«Васл» ҳуқуқ дорад оид ба сифати хизматрасонии ташкилот шикоят гузорад.

Роҳҳои муроҷиати шаҳрвандон
Аризаҳои шаҳрвандон ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ пешниҳод карда мешаванд ва эътибори баробар доранд. Аризаҳои шаҳрвандон метавонанд шахсӣ ё коллективӣ бошанд.

Шаклҳои муроҷиати шаҳрвандон
Шаҳрвандон метавонанд, ки бо ариза, пешниҳод ё шикоят муроҷиат намоянд. Ариза — ин муроҷиати шаҳрвандон барои татбиқи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо мебошад. Пешниҳод — ин тавсияҳои шаҳрвандон барои беҳтар намудани фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Шикоят — ин муроҷиати шаҳрвандон бо талаби барқарор кардани ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо мебошад.

Ҳимояи "ҳуқуқи истеъмолкунандагон"
+992 44 610 45 45

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон (Вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон)
+992 44 600 1520

Рӯзи қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарият
Чоршанбе-Ҷумъа 15:00-17:00
Шикояти худро
нависед
Мутахассисони мо дар давоми як рӯз бо шумо тамос хоҳанд гирифт
* Тибқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳои хаттӣ ва электроние, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Барои арзу шикоятҳо
Телефони боварии БМТ
+992 44 600 1520
Почтаи электронӣ
info@vasl.tj
Маркази хизматрасонӣ
545
2019 - 2026, ҶСП "Васл Бонк"
Иҷозатномаи БМТ № 0000345 аз 31.07.2025 сол