Низоми нави рақамии андоз барои соҳибкорон
Дар Тоҷикистон ташаббуси нави пилотӣ аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ки ба осон намудани ҳисобгирии андоз барои соҳибкорони инфиродӣ равона гардидааст. Тартиби нав расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст.

Навовариҳои асосӣ:
• Меъёри андоз 3% ба ҷойи 6% — барои соҳибкороне, ки аз хизматрасониҳо ва воситаҳои рақамӣ истифода мебаранд.
• Ҳисобкунии автоматӣ — система андозро мустақилона муайян намуда, хатогиҳоро кам мекунад.
• Кешбэк 1% —ҳангоми пардохт тавассути QR-коди ягона
1% аз маблағи харид баргардонида мешавад.

Бетағйир мемонад:
• Интиқолҳои шахсӣ байни шахсони воқеӣ ба андозбандӣ дохил карда намешаванд.

Мо минбаъд низ ҳуқуқи ҳамаи мизоҷони худро риоя намуда, шуморо аз ҳама гуна тағйирот ва навгониҳо сари вақт огоҳ хоҳем кард.
Шикояти худро
нависед
Мутахассисони мо дар давоми як рӯз бо шумо тамос хоҳанд гирифт
* Тибқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳои хаттӣ ва электроние, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Барои арзу шикоятҳо
Телефони боварии БМТ
+992 44 600 1520
Почтаи электронӣ
info@vasl.tj
Маркази хизматрасонӣ
545
2019 - 2026, ҶСП "Васл Бонк"
Иҷозатномаи БМТ № 0000345 аз 31.07.2025 сол