Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Васл Бонк” (минбаъд ҶСП “Васл Бонк”) иттилоъ медиҳад, ки бо Қарори Иштирокчии ягона аз 30 майи соли 2025 шакли ташкили ҳуқуқии ҶДММ ТҚҒ “Васл” ба ҶСП “Васл Бонк” иваз карда шуд.
Тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои таъсисӣ (Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, Иқтибос аз феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ҶСП “Васл Бонк” дар Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда) шакли ташкили ҳуқуқии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Васл” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Васл Бонк” иваз карда шуда, санаи 31 июли соли 2025 ба ҶСП “Васл Бонк” Иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ дода шуд.
Бинобар ин, ҶСП “Васл Бонк” ҳамчун вориси ҳуқуқӣ ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳои тибқи шартномаҳои қаблан бо ҶДММ ТҚҒ “Васл” басташударо пурра ба зиммаи худ мегирад.
ҶСП “Васл Бонк” тасдиқ менамояд, ки иҷрои ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳои мавҷудаи ҶДММ ТҚҒ “Васл” -ро дар назди шарикон тибқи шартномаҳои қаблан басташуда пурра таъмин менамояд.